САНҶИШИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

Август 11, 2009 14:16

                    Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар самти ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар мамлакат ва мутобиқ намудани муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба талаботи қонунгузории кишвар, дар асоси дастури Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар ҳудуди чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ, рейдҳои муштарак гузаронида шуд, ки дар рафти онҳо як қатор қонунвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардиданд, дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ВКД иттилоъ доданд.                     Бино ба иттилои манбаъ чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи иҷозат барои кор, бақайдгирӣ ва назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ карда шуд. Дар рафти рейди муштарак, 37 корхонаву муассисаҳо, мавриди санҷиш қарор гирифтанд.                    Аз ҷониби кормандон дар ин муддат муассисаҳои таъмири нақлиёт, Марказҳои савдо, бозорҳои Шоҳмансур, Деҳқон, «Мутафа Атуш» Чамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуанг-Янхай», «Шюн-ди», «Фузин», корхонаи «Нигин ЛТД», ки ба истеҳсоли фулузот машғуланд, тарабхонаи «Цхинвали», «ДУТО», «Алберт», «Сино-тоҷик стар», «Мовароуннаҳр», «Мурғи ҳилол» ва як қатор корхонаҳои дигар санҷида шуданд.Намояндагони гурўҳҳои санҷишӣ дар минтақаҳои вобасташуда, масъалаҳои бақайдгирӣ, мўҳлати буду бош, ҷойи зист, макони фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро мавриди баррасӣ қарор доданд.                   Дар чорабинии муштарак ҳуҷҷатҳои 568 нафар шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд, тафтиш карда шуда, нисбати 29 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 14- нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, 1 -нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Покистон, 7 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 5 нафар шаҳрвандони давлати Туркия, 1 нафар шаҳрванди давлати Молдова ва 1 нафар шаҳрванди давлати Миср барои вайрон кардани реҷаи шиносномавӣ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, тибқи банди 3-и моддаи 138-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.                  Ҳар шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳудуди ҶТ фаъолияти меҳнати менамояд пеш аз ҳама бояд корти иҷозат барои корро дошта бошад ва берун аз минтақае, ки дар корт қайд гардидааст фаъолият накунад. Инчунин ҳамеша ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии онҳоро тасдиқ менамоянд бо худ дошта бошанд.                   Бояд гуфт, ки минбаъд низ чунин рейдҳои санҷишӣ мунтазам гузаронида мешаванд.

Август 11, 2009 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест