САРВАРИ КИШВАР ЗАХИРАИ ДУ СОЛАИ ГАНДУМРО ЗАРУР МЕШУМОРАД

Август 6, 2009 16:38

                    Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Вазорати кишоварзии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки барои аввалин бор дар муддати 18 соли охир ҳосили гандум дар ин кишвар ба беш аз як миллион тонна хоҳад расид.                    Ба гуфтаи мақомоти ин вазорат, дар чунин сурат Тоҷикистон метавонад ниёзи солонаи мардумро ба гандум аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ таъмин кунад.                    Муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Амиров, дар як нишасти матбуотӣ бо эъломи ин хабар гуфт, дар ҳоле ки мавсими дарави ғалла дар воҳидҳои кишоварзӣ ба поён мерасад, мизони тавлиди гандум дар бархе аз ин воҳидҳо дар ҷануби кишвар ба 60 сентнер аз ҳар гектар баробар шудааст. Ин дар ҳолест ки дар солҳои қаблӣ мизони тавлиди ғалладона дар воҳидҳои кишоварзӣ аз ҳар гектар дар ҳудуди 20 то 25 сентнер будааст.                      Бино ба гуфти Р. Амиров, "Бо далели мусоид будани ҳаво ва талоши кишоварзон дар соли ҷорӣ ҳосили гандум ва дигар маҳсулоти ғалладона хуб будааст. Ин дар ҳолест, ки Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон дар маҷлиси ҳукуматӣ аз мардуми ин кишвар даъват кардааст, ки маводи ғизоӣ, бахусус гандумро барои ду соли оянда захира кунанд.                      Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба идомаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳои олам ва омилҳои дигаре чун ҳодисаҳои табиӣ — хушксолӣ ҳушдор намуд, ки таъмини маводи ғизоӣ дар ду соли оянда дар ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.                    Дар ҳамин маврид Исмат Ҷамолов, як кишоварзи тоҷик, мегӯяд омодааст аз ҳисоби гандуми киштаи худ маводи ғизоии ду солаи худро захира кунад.                     Ҳамзамон масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мизони коҳиши воридоти гандум ва ордро аз хориҷи кишвар ба маротиб камтар медонанд.                     Тибқи гузориши Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 186 ҳазор тонна гандум аз хориҷи кишвар ворид шудааст, ки ин дар муқоиса бо хамин давраи соли гузашта ба маротиб камтар аст.                    Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулини корхонаҳои ғалла хостааст, ки ҳарчӣ бештар гандумро аз аҳолӣ харидорӣ ва захира намоянд.      Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аз мардуми кишвар барои захира кардани маводи ғизоӣ даъват мекунад, ки бархе аз сокинони кишвар бо ишора ба афзоиши қимати маводи ғизоӣ ба вижа, орду гандум, имконияти захира кардани маводи ғизоиро надоранд.                      Ҳамзамон бар асоси гузориши вазорати кишоварзии Тоҷикисон воҳидҳои кишоварзӣ дар соли ҷорӣ дар майдони 215 ҳазор гектор замин кишти тирамоҳии ғалладонаро анҷом додаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта ҳудуди 85 ҳазор гектор зиёд мебошад.  

Август 6, 2009 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад