СЕМИНАР ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Август 26, 2009 13:52

                    Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар» Людмила Дубинина).- 24 август дар маркази ноҳияи Восеъ бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагони барномаи Дастгирии маълумоти касбии ҶТ- даври 2-юм семинарии минтақавӣ баргузор гардид. Ин барнома бо маблағи Иттиҳоди Аврупо иҷро карда мешавад.                   Дар семинар намояндагони маркази Ҷумҳуриявии таълимию-методӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони маориф, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии марҳилаи аввали мутахассисони маорифи вилояти Хатлон иштирок намуданд.                   Иштирокчиёни семинар масъалаҳои муҳими муассисаҳои таълимии касбомӯзӣ дар соли таҳсили 2009-2010 ва масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро муҳокима карданд. Инчунин барномаҳои таълимии намунавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ин барномаҳои таълимӣ дар мактабҳои касбомӯзии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияи Сарбанд озмуда мешавад.                    Роҳбари лоиҳаи мазкур Анита Якобсон зикр намуд, ки барномаҳои наве, ки ба иштирокчиёни семинар пешниҳод карда шуданд барои ҷараёни омӯзиши марҳилаи аввали маориф самарабахш хоҳанд буд.                    Чунин семинарҳо 26 август дар Душанбе ва 28 август дар Исфара гузаронида мешавад.  

Август 26, 2009 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд