ШАБНАМУ АЛИ КАНАДАРО ТАСХИР МЕНАМОЯНД
Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сарояндаи ҷавону шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё имрӯзҳо бо сафари ҳунарӣ дар Канада қарор дорад. Шабнам зимни сафари ҳунарии худ ба ин кишвар дар шаҳри Монреал бо як барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҳазорон мухлисони худро, ки аслан мардумони форсизабони муқими ин кишвар мебошанд, шод гардонд. Сафари ҳунарии овозхони тоҷик Шабнами Сурайё ба Канада бо ибтикор ва мусоидати ширкатҳои «Даф Энтертаймент» ва «Шерзод Энтертаймент» ҷараён гирифтааст. Дар назар аст, ки Шабнами Сурайё зимни сафари ҳунарии худ дар Канада ҳамроҳ бо овозхони хушсалиқаи афғон Алии Эътимодӣ дар шаҳрҳои Торонто ва Ванкувер консерт намоиш медиҳанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






