ШАБНАМУ АЛИ КАНАДАРО ТАСХИР МЕНАМОЯНД

Август 3, 2009 15:38

               Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сарояндаи ҷавону шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё имрӯзҳо бо сафари ҳунарӣ дар Канада қарор дорад. Шабнам зимни сафари ҳунарии худ ба ин кишвар дар шаҳри Монреал бо як барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҳазорон мухлисони худро, ки аслан мардумони форсизабони муқими ин кишвар мебошанд, шод гардонд.           Сафари ҳунарии овозхони тоҷик Шабнами Сурайё ба Канада бо ибтикор ва мусоидати ширкатҳои «Даф Энтертаймент» ва «Шерзод Энтертаймент» ҷараён гирифтааст.             Дар назар аст, ки Шабнами Сурайё зимни сафари ҳунарии худ дар Канада ҳамроҳ бо овозхони хушсалиқаи афғон Алии Эътимодӣ дар шаҳрҳои Торонто ва Ванкувер консерт намоиш медиҳанд.

Август 3, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид