ШИРИ МОДАР ДАР ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ҲАЁТАН МУҲИМ АСТ
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бахшида ба Рӯзи байналмилалии синамаконӣ 3 августи соли ҷорӣ дар итифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он ширкати Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ дар назар аст. Тавре хабар дода буданд, бахшида ба ин рӯз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 10 августи соли ҷорӣ Даҳаи кўмак ва дастгирии синамаконӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти шиори «Шири модар дар ҳолатҳои фавқулодда ҳаётан муҳим аст» як қатор чорабиниҳоро мегузаронад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






