ШУМОРАИ БЕКОРОН КОҲИШ МЕЁБАД

Август 11, 2009 08:09

                          Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол (аҳолии машғули кор ва бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда) аз рӯи баҳои пешакӣ дар моҳи июни соли 2009 беш аз 2 млн. 900 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз ин шумора 2 млн. 500 ҳазор нафар ё 97 фоиз дар соҳаи иқтисодиёт машғуланд ва 44,2 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд.                   Аз рӯи маълумоти расмӣ ҳамагӣ 2,1 фоизи аҳолӣ ба кор таъмин нест, аммо бо супориши Сарвари давлат дар бораи ба ҷойи кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ, ки он аз тарафи корхонаҳо дастгирӣ ёфт, чорабиниҳои зиёд гузаронида шуд. Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо шуд ва раванди ба кор таъминкунии аҳолӣ дар ҳама корхонаҳои ҷумҳурӣ идома дорад. Ҳатто шумораи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2009 нисбат ба моҳи майи соли ҷорӣ 0, 5 фоиз зиёд гардидааст.

Август 11, 2009 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд