СИСТЕМАИ НАВИ ТАШКИЛИ НАМОЯНДАГИҲОИ «СОМОН-ЭЙР»
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҷамъияти саҳҳомии ширкати ҳавопаймоии «Сомон-эйр» аз 10 август сар карда, дар қитъаи Аврупо системаи нави пешқадами ташкили намояндагиҳои худро ба роҳ андохт, ки «Amadeus» ном дорад. Аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳадафи ин иқдом зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон ва мол дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ мебошад. Бо истифодаи системаи мазкур дар мамлакатҳои Аврупо намояндаҳои ширкати «Сомон-эйр» кушода мешаванд. Зеро ҳамаи намояндаҳое, ки мувофиқи системаи ҳисобу китоби байни ширкатҳо кор мекунанд, бо имзои созишномаи мустақим бо «Сомон-эйр» чиптаҳои ҳавопаймоҳоро озодона фурӯхта, ва фармоиш дода метавонанд. Системаи «Amadeus» дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, тиҷорати электронӣ, туризм ва ҳамлу нақли берунии мусофирон ба воситаи ҳавопаймоҳо дар саросари ҷаҳон шӯҳрат дорад. Имрӯз дар намояндагиҳои гуногуни ширкатҳои мамлакатҳои ҷаҳон зиёда аз 400 ҳазор мутахассис кор мекунад. Бо кӯмаки онҳо чиптаҳои ҳавопаймоҳо, меҳмонхонаҳо, навъҳои гуногуни нақлиёт, кашондани бор ба воситаи нақлиёти роҳи оҳану киштӣ, сафару саёҳат ба баҳрҳо ва ғайраро пешакӣ фаромоиш додан мумкин аст. Системаи «Amadeus» ба мизоҷон ва мусофирон имкон медиҳад, ки дар бораи тамоми ширкатхои ҳавонавардии ҷаҳон маълумоти зарурӣ ба даст оранд. Системаи мазкур аз соли 1987 фаъолият дорад. Ҳоло намояндагиҳои он дар бештар аз 100 мамлакат воқеанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






