«СИТОРАИ РӮЗИ ИМОМИ АЪЗАМ»
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нашриёти «Ирфон» бо чунин ном қиссаи таърихии адибони шинохта Ато Ҳамдам ва Леонид Чигринро аз силсилаи «Рӯзгори одамони наҷиб» бо теъдоди ҳазор нусха бо забони русӣ аз чоп баровард. Қисса аз ҳаёт ва рӯзгори пурфоҷиаи шахсияти шинохтаи олами фиқҳ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯ Ҳанифа ибни Собит, машҳур бо номи Имоми Аъзам, ҳикоят мекунад. Ба китоб донишманди маъруф, доктори илми фалсафа, профессор Кароматулло Олимов пешгуфтори арзишманд навиштааст. Гуфтанист, ки дар Соли бузургдошти Имоми Аъзам ба забони русӣ ба табъ расидани ин қиссаи хонданӣ тӯҳфаи хубест ба хонандагони русзабони Тоҷикистон ва берун аз кишвар.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






