СОҲИБКОРОНИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов бо соҳибкорони Арабистони Саудӣ Ҳосим Осмон Ромиз Алҷабборӣ ва Камол Алҷаводӣ мулоқот анҷом дод. Тавре аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмонон изҳор намуданд, ки тайёранд ба соҳаҳои асосӣ ва муҳимтарини иқтисодиёти мамлакати мо сармоя гузоранд. Онҳо бо ин мақсад бо соҳаҳои ба гузоштани сармоя ниёзманди иқтисодиёти Тоҷикистон ва имкониятҳои бо ин мақсад дар қонунгузории мамлакати мо пешбинишуда дар бораи имтиёзҳо ба сармоягузорон шинос гардиданд. Одил Сангов зимни сӯҳбат ба меҳмонон дар бораи самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, истихроҷи қувваи барқ, истифодаи захираҳои об, истихроҷи маъдан, саноати сабук ва химия, дастгоҳсозӣ, сохтмони роҳу кӯпрукҳо, алоқа, сохтмони манзил ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ маълумоти муфассал дод. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






