СОЗМОНИ «АЛҚАЁДА» БО ИМА МУСОЛИҲА КАРДАН МЕХОҲАД
Вашингтон, 5 август. (АМИТ «Ховар» — Нюс.ру. ком. ). — Созмони «Алқаёда» ба ИМА пешниҳод кард, ки дар мавриди аз тарафи президент Барак Обама таъмин намудани амнияту субот ва барқарорсозии иқтисодиёти Ироқ ва Афғонистон бо ИМА мусолиҳа карда метавонад. Алҳол Департаменти давлатии ИМА ба ин пешниҳод ҷавоб надодааст. Тибқи хабарҳои расида, яке аз роҳбарони созмони байналхалқии террористии «Алқаёда» Аймон Алзавоҳирӣ ба Президенти ИМА пешниҳод кард, ки ҳар ду ҷониб роҳи оштӣ ва мусолиҳаро пеш гиранд. Завоҳирӣ ба Обама маслиҳат медиҳад, ки пешниҳоди чанд сол пеш ба миён гузоштаи Усома ибни Лоданро бори дигар мавриди баррасӣ қарор диҳад. Вай таъкид кард, ки кӯшишҳои президенти ИМА дар бораи беҳтар сохтани муносибатҳояш бо мамлакатҳои исломӣ дар мавриди идомаи амалиёти «куштани мусулмонҳо» ягон натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Нафрати мусулмонҳо нисбати ИМА танҳо дар мавриди бас кардани куштори оммавии онҳо қатъ мегардад, гуфта мешавад дар изҳороти Завоҳирӣ. Вай Б.Обамаро ба сиёсати ғайриодилонаи ҳалли проблемаҳои Фаластину Исроил гунаҳкор намуд. Ба ақидаи Завоҳирӣ, ин масъаларо на бо роҳҳои гуфтушуниду кашолкорӣ, балки бо роҳи «аз байн бурдани Исроил» ҳал кардан зарур аст. Ба қавли ӯ Исроил барои содир намудани миқдори зиёди ҷиноятҳо ба муқобили мусулмонон гунаҳкор мебошад.Завоҳирӣ изҳор менамояд, ки амалиёти «Алқайда» баъди барқарор сохтани давлати исломӣ дар Ироқ ба мубориза ба муқобили Исроил равона карда хоҳад шуд. Соли 2006 роҳбари асосии «Алқаёда» Усома ибни Лодан ба президенти хамонвақтаи ИМА Ҷ.Буш пешниҳод карда буд, ки дар мавриди таъмини амният, суботи вазъият ва барқарор сохтани Ироқу Афғонистон бо ӯ мусолиҳа карда метавонад. Вале маъмурияти ИМА ин пешниҳодро қатъан рад намуда, изҳор карда буд, ки ИМА бо террористон гуфтушунид намекунад ва мубориза ба муқобили террористон то ғалабаи қатъӣ давом дода хоҳад шуд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






