СТРАТЕГИЯИ РУШДИ САЛОМАТИИ ҶТ ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар меҳмонхонаи «Меркуриӣ» оид ба таҳлили «Стратегияи рушди саломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» семинар ҷаласаи миллӣ баргузор гардид. Дар семинар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустии ҶТ, Вазорати маориф, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли, Маҷлиси Олӣ, Кумитаи занон ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ширкат варзиданд. Иштирокчиёни ҷаласа низоми идораи соҳаи тандурустӣ, вазъияти имрӯза, проблемаҳо ва самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, такмил додани роҳу усулҳои маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ, проблемаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи тандурустӣ ва дигар масъалаҳоро муҳокима намуданд. Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур ду рӯз давом хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






