ТӮҲФАИ ТУРКМАНИСТОН БА АФҒОНИСТОН
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Чанд рӯз пеш дар вулусволии Ҳарамгули вилояти Форёби Афғонистон маросими ботантанаи ифтитоҳи Маркази саломатӣ баргузор гардид, ки онро мутахассисони Туркманистон сохтаанд. Дар маросими кушодашавии Маркази саломатӣ ҳайати намояндагони Туркманистон, мушовири президенти Афғонистон дар масъалаҳои дин Мавлавӣ Муҳаммад Ҷӯр, муовини вазири тандурустии Афғонистон Нодира Хайёт, волии вилояти Форёб Абдулҳақ Шафақ, роҳбари намояндагии ВКХ Афғонистон дар шаҳри Мазори Шариф Абдулмаҷиди Коргар ва пешвоёни қабилаҳои маҳаллӣ ширкат варзиданд. Маркази саломатии мазкур бо тамоми асбобу анҷоми зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад. Акнун сокинони маҳаллӣ имкон пайдо карданд, ки аз хизмати хушсифати тиббӣ истифода баранд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






