ТАШРИФИ ВАЗИРОНИ ФАРҲАНГИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ

Август 6, 2009 15:03

                    Душанбе, 6 август. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 11 августи соли ҷорӣ дар Душанбе Маҷлиси ХХIV шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. Дар кори он вазири фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфас Қараев, , вазири фарҳанг ва туризмиҶумҳурии Молдова Михаил Барбулат, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Александр Голутва, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Виктор Кураш, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Бурибаев ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок хоҳанд кард.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, иштирокчиёни маҷлис як қатор масъалаҳоро доир ба ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамчунин онҳо доир ба лоиҳаи барномаи рушди таҳсил дар соҳаи фарҳанг ва санъат, иҷрои барномаи нақшаҳои тадбирҳои афзалиятноки соҳаи гуманитарӣ дар малакатҳои ИДМ, такмили қонунҳои марбут ба ҳифзи мероси фарҳангии ҷомеа ва тавсияҳо марбут ба қонунгузорӣ дар бораи таълими пешрафти маълумоти бадеӣ дар мамлакатҳои ИДМ ибрози ақида менамоянд.

Август 6, 2009 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд