ТО МОҲИ СЕНТЯБР МАРКАЗИ НОҲИЯИ НУРОБОД ТАҒЙИР МЕЁБАД

Август 4, 2009 10:20

                    Нуробод, 4 август. (АМИТ «Ховар», Ризвонов М.).- Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои амалӣ дар саросари кишвар ба мушоҳида мерасанд. Таъсиси маркази нави ноҳия шаҳраки Дарбанд самараи чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ мебошад. Маркази ноҳия сол то сол ободу зебо гашта истодааст.                    Бинокорон бо маблағи буҷети кишвар дар як муддати кӯтоҳ биноҳои идораи шуғли аҳолӣ, Агроинвестбонк, Ориёнбонк, прокуратура, шӯъбаи кумитаи заминсозӣ, Тоҷиктелеком, амният, суди халқӣ ва биноҳои истиқоматиро сохта, дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар арафаи ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идораю муассисаҳои кӯҳна ба шаҳраки нави Дарбанд мекӯчанд, ки ин як тӯҳфаи арзанда ба ҷашни истиқлолияти ҷумҳуриямон мебошад,- гуфт дар сӯҳбат раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии ноҳия Зиёратшо Саъдуллоев.

Август 4, 2009 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд