ВАФОТИ ЖУРНАЛИСТ ВА ШОИРИ МАЪРУФ

Август 24, 2009 15:50

                   Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- 23 август журналист ва шоири маъруф, ходими хизматнишондодаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар сини 69-солагӣ аз олам чашм пӯшид.                  Ш. Ёдгорӣ фаъолияти худро дар соҳаи адабиёт аз солҳои 60-уми асри 20 сар карда буд. Шеърҳои ӯ ба ватан, модар, меҳнат бахшида навишта шудаанд. Китобҳои ӯ «Як шоха гул», «Даргоҳи деҳқон», «Симои халқ» ва «Ҳар тори мӯ вафоям» дар адабиёти тоҷик мақоми хос доранд. Шеърҳои шоир ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Дар романҳои худ «Васваса» ва «Талош» Ш. Ёдгорӣ дар бораи ҳаёти имрӯзаи мардум нақл мекунад.  

Август 24, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад