ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН ДАР ҲИНДУСТОН
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Чемпионати Осиё байни наврасон оид ба гӯштинӣ юнонию-румӣ дар кишвари Ҳиндустон дар шаҳри Тона баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар варзишгар Алаев Манучеҳр, Муҳтоҷов Оятулло, Икромов Аббос ва Шоҳраҷабов Акмал намояндагӣ намуданд. Алаев Манучеҳр дар вазни 76 киллограмм ва Икромов Аббос дар вазни 81 кг. сазовори ҷои 3-юмро ишғол намуда бо медали биринҷӣ сазовор гардиданд. Муҳтоҷов Оятулло дар вазни 58 кг. ва Шоҳраҷабов Акмал дар вазни 69 кг. дар ин мусобиқа ҷои 5-умро сазовор гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






