ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК АЗ МУСОБИҚА ХОРИҶ ГАРДИДАНД
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Тавре хабар дода шуда буд, дирӯз дар Берлин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии варзиши сабук анҷом ёфт. Дар он аз Тоҷикистон ду нафар варзишгар — гулӯлапартоён Галина Митяева ва Дилшод Назаров иштирок намуданд. Г.Митяева дар мусобиқаи ниманиҳоӣ гулӯларо ба масофаи 56,31 метр партофта, дар ҷадвали мусобиқа ҷои 39 — умро ишғол кард. Дар ин ҷо ҷои аввал ва ҷоизаи асосӣ насиби варзишгардухтари олмонӣ Бетти Хайдлер гардид, ки гулӯларо ба масофаи 75,25 метр партофт. Ин натиҷаи беҳтарини мусобиқа мебошад. Қабл аз ин қувваозмоии хотимавии мардона баргузор гардида буд. Дар ин қувваозмоиҳо варзишгари тоҷик Дилшод Назаров гулӯларо ба масофаи 71,69 метр партофта ҷои 11 — умро ишғол кард.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






