ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз 26 август то 14 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Милани Италия лагери байналмилалии таълимӣ- машқӣ ва Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баргузор мегардад. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии ҶТ хабар доданд, барои ширкат дар ин чорабиниҳо Кумитаи миллии олимпӣ иштирокчии Бозиҳои олимпӣ дар соли 2008, Ҷаҳон Қурбоновро бо ҳамроҳии мураббияш Саидҷон Қурбонов сафарбар мекунад. Мақсад омодагӣ ба Бозиҳои Осиёии шаҳри Гуанжоу-2010, Бозиҳои олимпӣ Лондон- 2012 ва тарғибу ташвиқи бокси Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Инчунин, аз 13 то 20 августи соли равон дар шаҳри Алмалики Ҷумҳурии Ўзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ дар намуди бокс доир мешавад. Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпӣ дар мусобиқа шарафи кишвари моро муштзани гаронвазн Меҳроҷиддин Каримов ҳимоя хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






