«ВАВИЛОН-МОБАЙЛ» БА МУШТАРИЁНАШ МОШИН МЕДИҲАД

Август 25, 2009 13:20

                   Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муштарии як миллиону дусадҳазорумини Ширкати «Babilon-mobile» соҳиби автомашинаи ВАЗ 2107 гардид.                    Роҳбари маркази матбуоти Ширкати «Babilon-mobile» Муҳиба Холиқназарова ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ин муштарӣ сокини деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз Давлатшо Мирзоев мебошад, ки бо харидорӣ намудани симкартаи 1 миллиону дусадҳазорумини Ширкати «Babilon-mobile» соҳиби ҷоиза гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби ширкат ба Д. Мирзоев 1 миллиону дусад ҳазор дақиқаи ройгон дар ҳудуди ҷумҳурӣ дода шуд.                    Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «Вавилон-М» яке аз калонтарин ширкатҳои оператори алоқаи миллӣ дар Тоҷикистон буда, аз моҳи феврали соли 2000 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

Август 25, 2009 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд