ВАЗЪИ ҲАВО

Август 25, 2009 15:13

                Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз дар саросари мамлакат ҳавои ғуборолуд ва дар баъзе минтақаҳо бориши боронҳои кӯтоҳмуддат мушоҳида карда мешавад. Сардори Маркази ҳавосанҷии Муассисаи давлатии ҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева зикр намуд, ки тағйир ёфтани вазъи ҳаво ба дохил гардидани ҷараёни шадиди ҳавои сарди шимолӣ ба фазои мамлакат вобаста мебошад. Шамоли сахт миқдори зиёди хоку регро аз самтҳои Туркманистон ва Афғонистон ба фазои мамлакатҳои дигари минтақа ворид сохт.                Ба қавли ҳавошиносон аз пагоҳ сар карда, ҳавои ҷумҳурӣ тадриҷан софу беғубор хоҳад гашт. Дар баъзе минтақаҳо имконияти боридани боронҳои кӯтоҳмуддат боқӣ мемонад.                 Ҷ.Байдуллоева зикр намуд, ки аввали моҳи сентябр боридани боронҳо пешбинӣ карда мешавад. Тарҷумон — Қудратов А.  

Август 25, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад