ВЕЛОСИПЕДИ ШАҲРВАНДИ ХОРИҶИРО ДУЗДИДАНД

Август 27, 2009 09:44

                      Хоруғ, 27 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шахсони номаълум велосипеди шаҳрванди Шветсия Рикард Селевикро дуздиданд, ки қимати он 2000 евро мебошад.                      Тавре хабар дода шуда буд, шаҳрванди Шветсия Рикард Селевик ва шаҳрванди Фаронса Жан Фредерик Гавин савори велосипедҳо аз шаҳри Осло то деҳаи Сухчарви ВМКБ масофаи бештар аз 16 ҳазор километрро тай карданд. Ҳадафи сафари онҳо ҷамъ овардани маблағ барои расондани кӯмак ба ҷавонони тоҷик дар бобати кушодани курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагию қаннодӣ ва замбӯрпарварӣ мебошад.                      Иштирокчиёни пойга бо ин мақсад зимни сафар бештар аз 17 ҳазор доллари ИМА ҷамъ оварданд. Фонди Евразияи Осиёи Марказӣ бо ин мақсад дар ноҳияи Ваҳдат курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагию қаннодӣ кушода ва дар ҷамоати Сухчарви ВМКБ барои рушди соҳаи замбӯрпарварӣ тадбирҳои судбахш андешид. Корманди фонди Евразияи Осиёи Марказӣ Равшан Абдуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дуздон велосипеди шаҳрванди Шветсияро дар ҷамоати Сухчарв ба яғмо бурданд. Вобаста ба ин сафари башардӯстонаи шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳамин ҷо қатъ гардид.                     Р.Абдуллоев зикр намуд, ки агар велосипед дар давоми рӯзҳои наздик ёфт нашавад, Р.Селевик ба Душанбе баргашта аз он ҷо ба ватанаш — Шветсия парвоз мекунад.  Ҳамроҳи ӯ Жан Фредерик Гавин сафари худро то Пекин давом хоҳад дод. Айни ҳол кормандони милиса ва сокинони маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи велосипеди гумшуда машғуланд, гуфт Р.Абдуллоев.

Август 27, 2009 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд