«ВОРИСОНИ СОМОНӢ» БА САФАРИ ҲУНАРӢ БАРОМАДАНД
Бадахшон, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дастаи ҳунарии оилавии «Ворисони Сомон», ки яке аз маҳбубтарин дастаҳои ҳунарии оилавӣ дар ВМКБ маҳсуб аст, ба сафари вилояти Хатлон баромад. Тавре садри даста Бародархон Сафаралихонов иттилоъ дод, ин даста ҳанӯз соли 1975 бо номи «Навои Шоҳдара» таъсис ёфта буд. Он вақт узви даста духтарҳо ҳам буданд, қариб саросари ҷумҳуриро гаштем, баъдан онҳо мактаби миёнаро хатм карда, роҳи тақдири онҳоро ба ҳар тараф бурдаву дастаи ҳунарӣ пароканда шуд. Соли 1991 дастаи ҳунарӣ аз нав эҳё гардид. Ин дафъа аъзои он набераҳоям ҳастанд. Ва ин даста то ҳол фаъолият дорад. Бо гуфти Бародархон Сафаралихонов, сафари ҳунарии «Ворисони Сомон» аз ноҳияи Данғара оғоз гашта, дар саросари шаҳру навоҳии вилоят идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






