ЗАРБА БА ХОНАИ ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ ТОЛИБОН
Исломобод, 6 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ шабонарӯзи гузашта дар қисмати шимолу шарқии Покистон деҳаеро бомбаророн карданд, ки хонаи яке аз роҳбарони ҷунбиши «Толибон» Байтулло Мақсуд дар ҳамон ҷо воқеъ буд. Дар натиҷаи зарбаи ҳавоӣ ду нафар ҳалок гардид, ки яке аз онҳо ҳамсари Б.Мақсуд мебошад. Байтулло Мақсуд яке аз террористони машҳури ҷаҳон ба шумор меравад. Ӯро ба ташкили силсилаи амалиёти террористӣ дар қаламрави мамлакатҳои Покистону Ҳиндустон ва Афғонистон гунаҳкор менамоянд. Аз ҷумла, тахмин карда мешавад, ки маҳз Байтулло Мақсуд яке аз ташкилкунандаголни амали террористӣ ба муқобили сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто мебошад. Тавре ки маълум аст Б.Бҳутто дар натиҷаи амалиёти мазкур ҳалок гашта буд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






