ҒАЛАБАИ ФУТБОЛБОЗОНИ «РЕГАР – ТАДАЗ»

Сентябрь 28, 2009 15:29

                Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар шаҳри Турсунзода мусобиқаи байналхалқии футбол барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё анҷом ёфт. Дирӯз, 27 сентябр, дар қувваозмоии ниҳоии мусобиқа дастаҳои футболи «Регар – Тадаз» — и Тоҷикистон ва «Дуродой – Динамо» — и Қирғизистон иштирок намуданд.                 Дастаи «Регар – Тадаз» дастаи футболи «Дурдой – Динамо» — ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Бо ҳамин ҷоизаи мусобиқа – Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ба таври ҳамешагӣ дар Тоҷикистон монд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки «Регар – Тадаз» дар ин мусобиқаи бонуфуз бори сеюм ғалаба ба даст овард. Дар натиҷа ба дастаи мазкур ба маблағи 50 ҳазор доллари ИМА мукофот дода мешавад. Дастаи «Дурдой – Динамо», ки ҷои дуюмро ишғол намуд, соҳиби 25 ҳазор доллари ИМА хоҳад гашт. 

Сентябрь 28, 2009 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд