ҒАЛАБАИ ШОҲМОТБОЗИ ТОҶИК
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Шоҳмотбози машҳури тоҷик Фаррух Амонатов дар даври 8-уми мусобиқаи шоҳмотбозони Лигаи олии Федератсияи Русия шоҳмотбози русиягӣ Максим Матлаковро мағлуб кард. Шоҳмотбози тоҷик 5 хол ба даст оварда, аз 15-ум ҷой ба ҷои 11-ум баромад ва муборизаро барои ҷой гирифтан дар байни 5 шоҳмотбози беҳтарин давом медиҳад. Ӯ танҳо дар ҳамин маврид метавонад дар қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмотбозони Русия ширкат варзад. Имрӯз дар даври 9-ум шоҳмотбози тоҷик Ф. Амонатов бо шоҳмотбози Русия Евгений Вординов қувваозмоӣ мекунад. Шоҳмотбози Русия А. Рязансев дар ҷадвали мусобиқа дар даври 8-ум ҷои аввалро ишғол кардааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






