ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲОИ ЗОИРИН САР ШУД

Сентябрь 11, 2009 15:41

                Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне шурӯъ намуд, ки имсол ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси Ислом – шаҳрҳои Макка ва Мадина рафтан мехоҳанд. Аз 10 то 25 сентябр ҳуҷҷатҳои зоиронро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалли истиқоматашон қабул менамоянд. Тибқи нақшаи вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ аз 25 сентябр то 10 октябр ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба шӯъбаи ҳаҷи вазорат супурда хоҳанд шуд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки вазорати фарҳанг ва ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат масъалаи бурдану овардани зоиронро аз Душанбе ба Ҷидда ва аз Хуҷанд ба Ҷидда мувофиқа кардаанд.                  Имсол хароҷоти зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом 3 ҳазору 342 доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Ба ин маблағ пули чиптаи ҳавопаймо, масрафи хурока, ҷои хоб ва хизматрасониҳои дигар дар шаҳрҳои Макка ва Мадина дохил мешаванд.

Сентябрь 11, 2009 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд