ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲОИ ЗОИРИН САР ШУД
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне шурӯъ намуд, ки имсол ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси Ислом – шаҳрҳои Макка ва Мадина рафтан мехоҳанд. Аз 10 то 25 сентябр ҳуҷҷатҳои зоиронро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалли истиқоматашон қабул менамоянд. Тибқи нақшаи вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ аз 25 сентябр то 10 октябр ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба шӯъбаи ҳаҷи вазорат супурда хоҳанд шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки вазорати фарҳанг ва ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат масъалаи бурдану овардани зоиронро аз Душанбе ба Ҷидда ва аз Хуҷанд ба Ҷидда мувофиқа кардаанд. Имсол хароҷоти зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом 3 ҳазору 342 доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Ба ин маблағ пули чиптаи ҳавопаймо, масрафи хурока, ҷои хоб ва хизматрасониҳои дигар дар шаҳрҳои Макка ва Мадина дохил мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






