ҚАРЗИ ГАЗ 1 800 000-СОМОНӢ

Сентябрь 25, 2009 15:57

                  Қӯрғонтеппа, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).-Газ имрӯзҳо ба хонаҳои сонинони шаҳри Қӯрғонтеппа дар соатҳои муайян дода мешавад. Дар ин бора муовини директори корхонаи «Қӯрғонтеппагаз» Маҳмудҷон Хоркашев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.                  Айни ҳол дар хонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа газ 2 соат саҳар ва рӯзона, бегоҳ бошад аз соати 17.00 то 21.00 дода мешавад, қайд намуд М. Хоркашев. Нархи газ мисли пештара буда, дар фасли тирамоҳу зимистон баланд намешавад. Сокинони махаллӣ барои истифодаи 1 метри мукааб гази табиӣ 49,5 дирам мепардозанд. Дар мавриди набудани ҳисобкунакҳои газ аз ҳар сари аъзои оила 7 сомонию 92 дирам гирифта мешавад.Ба қавли М. Хоркашев қарзи умумии газ аз аҳолии вилоят дар таи 10 соли охир қариб 1 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сентябрь 25, 2009 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд