ҚОЧОҚЧИИ НАШЪА ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Кормандони Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Душанбе 8 сентябр дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе зимни аз назар гузаронидани бору бағоҷи мусофирони ҳавопаймои Душанбе — Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Амиршо Зоирови 34 — соларо дастгир намуданд. Вай мехост, 52 ғилофаки пур аз маводи нашъадорро дар меъдааш аз Тоҷикистон ба Русия барад. А.Зоиров барои ташхиси тиббӣ ба шифохона фиристода шуд. Духтурон муайян карданд, ки қочоқҷӣ ғилофакҳои маводи нашъадорро дар меъдааш ҷой кардааст. Дар натиҷаи амалиёти тиббӣ моддаи нашъадорр аз меъдаи ӯ хориҷ карда шуд. Маълум гардид, ки моддаи нашъадор героин мебошад. Аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки айни ҳол вазни маводи нашъадор муайян карда мешавад. Вобаста ба ин воқеа нисбати А.Зоиров парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Онро кормандони прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ тафтиш менамояд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






