ҚОЧОҚЧИИ НАШЪА ДАСТГИР ШУД

Сентябрь 11, 2009 09:57

                 Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Кормандони Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Душанбе 8 сентябр дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе зимни аз назар гузаронидани бору бағоҷи мусофирони ҳавопаймои Душанбе — Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Амиршо Зоирови 34 — соларо дастгир намуданд. Вай мехост, 52 ғилофаки пур аз маводи нашъадорро дар меъдааш аз Тоҷикистон ба Русия барад.                 А.Зоиров барои ташхиси тиббӣ ба шифохона фиристода шуд. Духтурон муайян карданд, ки қочоқҷӣ ғилофакҳои маводи нашъадорро дар меъдааш ҷой кардааст. Дар натиҷаи амалиёти тиббӣ моддаи нашъадорр аз меъдаи ӯ хориҷ карда шуд. Маълум гардид, ки моддаи нашъадор героин мебошад.                  Аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки айни ҳол вазни маводи нашъадор муайян карда мешавад. Вобаста ба ин воқеа нисбати А.Зоиров парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Онро кормандони прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ тафтиш менамояд.

Сентябрь 11, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид