Қ. РАСУЛЗОДА МОҲОНААШРО БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ФУРӮЗОНАК МЕХАРАД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 15 сентябр таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои ҳаштмоҳаи соли 2009, омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистон, рафти иҷрои амру супоришҳои Сарвари давлат ва ҷамъоварии андоз, машварати корӣ баргузор гашт. Нахуст муовини аввали раиси вилоят Шакарбек Самадов оид ба тайёрии муассисаҳои тиббӣ ва маориф ба фасли зимистон ҳисобот дод. Зикр гардид, ки мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи раиси вилоят аз 29 июл то 22 августи соли равон дар тамоми 18-шаҳру ноҳияҳои вилоят ситодҳои сайёри вилоятӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор гардида, якчанд камбудиҳо ошкор шуданд. Таъкид карда шуд, ки ҳолати ҷамъоварии маблағҳо аз истифодабарии нерӯи барқ ва гази табиӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, пардохти ҳаққи истифодабарии онҳо дар ҳолати аввали моҳи сентябр пардохти аҳолӣ барои истифодаи қувваи барқ аз аҳолӣ 67,4 фоиз ва барои истифодаи гази табиӣ аз аҳолӣ 95 фоизро ташкил медиҳад. Муовинони раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Спитамен, Ғончӣ барои рафтори бемасъулиятонаашон нисбат ба иҷрои фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва қарори дахлдори раиси вилоят доир ба ин масъала танбеҳ гирифтанд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ҷаласаи мазкур раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки моҳонаи навбатиашро, ки 1800 сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун фитри рӯза барои харидани лампаҳои каммасраф сарф хоҳад намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






