ҚУВВАОЗМОИҲОИ НИМАНИҲОӢ АНҶОМ ЁФТАНД
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дирӯз дар варзишгоҳи «Металлург» — и шаҳри Турсунзода ду қувваозмоии ниманиҳоии дастаҳои футболи Осиё барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё анҷом ёфтанд. Дар яке аз ин қувваозмоиҳо дастаи футболи «Регар – Тадаз» — и Тоҷикистон ва дастаи футболи «ВАПДА» -и Покистон ширкат варзиданд. Дар ин қувваозмоии нобаробар дастаи футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад. Қисми аввали бозӣ ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Дар даври дуюми он ҳисоби бозӣ баробар шуд. Даври аввали иловагӣ низ бо ҳисоби баробари 3:3 анҷом ёфт. Ба футболбозони тоҷик муяссар шуд, ки дар даври дуюми иловагӣ ба дарвозаи ҳарифонашон як тӯб зада, ғалаба ба даст оранд. Ҳамин тариқ ин қувваозмоӣ бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Акнун дастаи футболи «Регар – Тадаз» 27 сентябр дар қувваозмоии хотимавӣ бо дастаи футболи «Дурдой – Динамо» — и Қирғизистон вомехӯрад. Футболбозони қирғиз дастаи футболи «Ашқобод» — ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд. Агар дастаи «Регар — Тадаз» дар ин мусобиқа ғалаба ба даст орад, Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ба таври доимӣ дар Тоҷикистон мемонад. Зеро футболбозони тоҷик пеш аз ин ду маротиба ғалаба карда буданд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






