ҚУВВАОЗМОИҲОИ НИМАНИҲОӢ АНҶОМ ЁФТАНД

Сентябрь 26, 2009 10:57

                 Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дирӯз дар варзишгоҳи «Металлург» — и шаҳри Турсунзода ду қувваозмоии ниманиҳоии дастаҳои футболи Осиё барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё анҷом ёфтанд.                Дар яке аз ин қувваозмоиҳо дастаи футболи «Регар – Тадаз» — и Тоҷикистон ва дастаи футболи «ВАПДА» -и Покистон ширкат варзиданд. Дар ин қувваозмоии нобаробар дастаи футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад. Қисми аввали бозӣ ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Дар даври дуюми он ҳисоби бозӣ баробар шуд. Даври аввали иловагӣ низ бо ҳисоби баробари 3:3 анҷом ёфт. Ба футболбозони тоҷик муяссар шуд, ки дар даври дуюми иловагӣ ба дарвозаи ҳарифонашон як тӯб зада, ғалаба ба даст оранд. Ҳамин тариқ ин қувваозмоӣ бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Акнун дастаи футболи «Регар – Тадаз» 27 сентябр дар қувваозмоии хотимавӣ бо дастаи футболи «Дурдой – Динамо» — и Қирғизистон вомехӯрад. Футболбозони қирғиз дастаи футболи «Ашқобод» — ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд.                 Агар дастаи «Регар — Тадаз» дар ин мусобиқа ғалаба ба даст орад, Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ба таври доимӣ дар Тоҷикистон мемонад. Зеро футболбозони тоҷик пеш аз ин ду маротиба ғалаба карда буданд.

Сентябрь 26, 2009 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд