ҲАФТАНОМАИ «ОВОЗИ ҒОНЧӢ» 70 – СОЛА ШУД

Сентябрь 28, 2009 12:03

                 Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Ба таъсиси ҳафтаномаи «Овози Ғончӣ» 70 — сол пур шуд. Ба ин муносибат ба сармуҳаррири нашрия Усмон Икромов, сармуҳосиби он Гулсун Латифова ва сармуҳаррири радиои маҳаллӣ Эгамназар Соҳибназаров унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд.                 Инчунин мухбири «Овози тоҷик» Туйғунмурод Элмуродов, ороишгари он Мамлакат Байзоева ва собиқадори ҳафтанома Норбой Юлдошев ба муносибати ҷашни солгарди ҳафтанома бо ифтихорномаҳои шӯъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сазовор гардидаанд.                 Ҳафтаномаи ноҳияро ба муносибати ид раиси ноҳия Қаҳҳор Ойматов, намояндаи Вазорати фарҳанг Гулмаҳмад Давлатов, котиби шӯъбаи вилоятии Иттифоқи журналистон Илҳоми Ҷамолиён, шоира Зулфия Атоӣ ва дигарон табрик намуданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» менависад, ки «Овози Ғончӣ» тӯли солҳои фаъолияташ на танҳо минбари озоди сухан ва тарғибгари дастовардҳои иқтисодии ноҳия, балки мактаби маҳорати бисёр нависандагону шоирон ва журналистон гардидааст. Дар назди нашрия аз соли 1966 то имрӯз маҳфили адибон фаъолият дорад. Фаъолияти эҷодии худро Шоири халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Фирӯза» Зулфия Атоӣ, сармуҳаррири маҷаллаи бачагонаи «Истиқбол», шоира Латофат Кенҷаева, адиби насрнавис Азизи Азиз, нависанда ва журналист Отамуроди Бекмурод, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Мавлон, Зулфия Бобоева ва дигарон аз ҳамин маҳфил оғоз кардаанд.

Сентябрь 28, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд