ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Сентябрь 28, 2009 16:03

                   Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев баргузор шуд, баррасӣ гардиданд.                  Аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оиди ба нақшагирии муштараки истифодаи кӯшун ( қувва) ба манфиати таъмини амнияти дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Созишнома ба ҳимояи мутақобилаи ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки дар раванди ҳамкориҳои ҳарбӣ- иқтисодӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба даст омадаанд, истифода мешаванд, Созишнома дар бораи тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сӯхторнишонӣ, садамавӣ ва наҷотдиҳӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои СААД ва Қарор оиди Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон барои солҳои 2007-2010 баррасӣ гардиданд.                Зимни тавзеҳи масъалаҳои зикршуда, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдуманнон Холиқов, Абдураҳмон Азимов ва Додихудо Саймиддинов иброз доштанд, ки санадҳои мазкур бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ва шахсони касбу кори гуногун барои ҳифз ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва рушду густариши робитаҳои Тоҷикистон Россия дар заминаи таъмини амният дар қаламрави ду кишвар дар доираи СААД, ИДМ ва дигар созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ таҳия шудааст.

Сентябрь 28, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид