ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намоянадгони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябр баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев баргузор шуд, инчунин як қатор Созишномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ муҳокима гардиданд. Ҳадафи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ва санадҳо густариши равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






