ҲУКУМАТИ НАВИ МОЛДАВИЯ СИЁСАТИ НАВРО ПЕШ МЕГИРАД

Сентябрь 30, 2009 09:52

                Кишинёв, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар» — mail.ru). – Ҳукумати нави Молдавия бо ҳар роҳу восита кӯшиш хоҳад кард, ки қисмҳои ҳарбии посдори сулҳи Русия аз Ҷумҳурии соҳили Днестр бароварда, ба ҷои онҳо қисмҳои ҳарбии байналхалқӣ ҷой дода шаванд, гуфт намояндаи доимии Молдавия дар СММ Александр Кужба зимни суханрониаш дар маҷлиси Маҷмаи кулли СММ. Ба қавли ӯ, Кишинёв ҷонибдори тақвияти нақши ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли проблемаҳои Ҷумҳурии соҳили Днестр мебошад. Бояд гуфт, ки намояндагони ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар ин ҷо мақоми мушоҳид доранд. Айни ҳол дар Ҷумҳурии соҳили Днестр 335 аскару афсари Русия, 490 хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии соҳили Днестр, 453 низомии молдавӣ ва 10 нафар нозир аз Украина ҷой дода шудаанд.                 Намояндаи доимии Молдавия зикр кард, ки дар оянда саҳми СММ дар масъалаи пешгирӣ ва бартараф сохтани муноқишаҳои имконпазир ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои ҷудоихоҳ пурзӯр карда хоҳад шуд. Вай таъкид кард, ки мамлакаташ ҷонибдори амалӣ сохтани принсипи бо роҳҳои осоишта бартараф сохтани муноқишаҳо мебошад.                  Хабар дода мешавад, ки ҳукумати нави Молдавия таҳти роҳбарии Владимир Филат 25 сентябр ташкил карда шуд. Айни ҳол Ҳизби либералию демократӣ дар парлумон 53 ҷой ва коммунистон 48 ҷойро ишғол менамоянд.

Сентябрь 30, 2009 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд