ҲУНАРМАНДИ МАЪРУФ АЗ ОЛАМ ГУЗАШТ

Сентябрь 11, 2009 09:47

                 Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Рўзи 8-уми сентябр баъди бемории вазнин дили Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон Маъруфшо Мазабшоев аз задан бозмонд.                   Ҳамзамон, таи солҳои фаъолияти эҷодиаш як қатор асарҳои баландмазмуну хотирмонро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назаров ва Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ саҳнавӣ гардондааст. Намоишномаҳои «Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ, «Боре аз сабзаҳо бипурс»-и Я. Стелмах, «Суруши Сталинград»-и М. Қаноат, «Андро ва Сандро»-и Г. Хугаев, «Дил-дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов, «Қишлоқи тиллоӣ»-и М.Миршакар, «Хезед, суд меояд», «Барзуи Шуғнонӣ» ва «Парвози Шоҳин»-и А. Ҳамдам, «То надидана, думдароз!»-и Шодӣ Солеҳ, намоишномаи этнографии «Зилобам» ва ғайраҳоро хеле ҷолиб таҳия намудааст. Хизматҳои ў соли 1994 аз тарафи Ҳукумати ҶТ бо унвони фахрии Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон қадр гардидааст.               Маъруфшо Мазабшоев 25 январи соли 1948 дар деҳаи Муни ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1966 дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Рўдакӣ ба ҳайси сароянда оғоз мекунад. Соле пас ба Институти давлатии омўзгории ба номи Т.Г. Шевченко ба шўъбаи актёрии факултаи санъат дохил шуда, онро соли 1972 бомуваффақият хатм намуда, сенздаҳ сол актёри Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ буд. Соли 1985 ба мактаби олии театрӣ ба номи Щукини шаҳри Москва ба факултаи режиссёрӣ шомил гардида, соли 1990 онро хатм кардааст. Аз соли 1987 то соли 1995 саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назаров, аз соли 1996 дар Идораи фарҳанги вилоят дар шўъбаи Хонаи эҷодиёти халқ чун саррежиссёр ва солҳои 2000-2006 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба ҳайси режиссёр фаъолият намудааст. Аз соли 2006 то дами вопасин мутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҶТ буд.

Сентябрь 11, 2009 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад