ҲУНАРМАНДИ МАЪРУФ АЗ ОЛАМ ГУЗАШТ
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Рўзи 8-уми сентябр баъди бемории вазнин дили Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон Маъруфшо Мазабшоев аз задан бозмонд. Ҳамзамон, таи солҳои фаъолияти эҷодиаш як қатор асарҳои баландмазмуну хотирмонро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назаров ва Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ саҳнавӣ гардондааст. Намоишномаҳои «Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ, «Боре аз сабзаҳо бипурс»-и Я. Стелмах, «Суруши Сталинград»-и М. Қаноат, «Андро ва Сандро»-и Г. Хугаев, «Дил-дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов, «Қишлоқи тиллоӣ»-и М.Миршакар, «Хезед, суд меояд», «Барзуи Шуғнонӣ» ва «Парвози Шоҳин»-и А. Ҳамдам, «То надидана, думдароз!»-и Шодӣ Солеҳ, намоишномаи этнографии «Зилобам» ва ғайраҳоро хеле ҷолиб таҳия намудааст. Хизматҳои ў соли 1994 аз тарафи Ҳукумати ҶТ бо унвони фахрии Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон қадр гардидааст. Маъруфшо Мазабшоев 25 январи соли 1948 дар деҳаи Муни ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1966 дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Рўдакӣ ба ҳайси сароянда оғоз мекунад. Соле пас ба Институти давлатии омўзгории ба номи Т.Г. Шевченко ба шўъбаи актёрии факултаи санъат дохил шуда, онро соли 1972 бомуваффақият хатм намуда, сенздаҳ сол актёри Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ буд. Соли 1985 ба мактаби олии театрӣ ба номи Щукини шаҳри Москва ба факултаи режиссёрӣ шомил гардида, соли 1990 онро хатм кардааст. Аз соли 1987 то соли 1995 саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назаров, аз соли 1996 дар Идораи фарҳанги вилоят дар шўъбаи Хонаи эҷодиёти халқ чун саррежиссёр ва солҳои 2000-2006 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба ҳайси режиссёр фаъолият намудааст. Аз соли 2006 то дами вопасин мутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҶТ буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






