ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғаллаи Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки то имрӯз дар мамлакат қариб 45 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шудааст. 43 ҳазору 300 тоннаи онро пахтакорони вилояти Хатлон ҷамъ оварданд. Айни ҳол дар саҳроҳои пахтазор тақрибан 186,6 ҳазор нафар ба ҷамъоварии пахта машғул аст. Дар вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» роҷеъ ба нақшаи имсолаи ҷамъоварии пахта чизе нагуфтанд, танҳо изҳор намуданд, ки имсол ҳосили пахта он қадар фаровон нахоҳад шуд. Сабабҳои ин хеле бисёранд. Сербориш омадани фасли баҳор, хеле дер тӯл кашидани маъракаи кишт ва кам кардани масоҳати кишти пахта аз ҳамин ҷумла мебошанд. Қайд карда шуд, ки имсол дар мамлакат ҳамагӣ дар масоҳати бештар аз 170 ҳазор гектар чигит корида шуд. Ин нисбат ба соли 2008 – ум 70 ҳазор гектар кам мебошад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






