ҶАСАДИ РОНАНДАИ ТАКСӢ ДАРЁФТ ШУД

Сентябрь 10, 2009 16:35

                Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҷасади шаҳрванди 22 солаи шаҳри Душанбе, ронандаи таксӣ А. Муродов бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.                Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, хизматчиёни шартномавии қисми ҳарбии 28804 Федератсияи Россия сержанти хурд Дмитрий Кучман, соли таваллудаш 1989 сокини шаҳри Калинингради ФР ва сержанти хурд Вячислав Чернов, соли таваллудаш 1987, сокини вилояти Кирови ФР дастгир карда шуданд. Тибқи маълумот ҷинояткорон А. Муродовро ба қатл расонда мошини ӯро дуздида бурданд. Кормандони милитсия ҷинояткоронро дар ноҳияи Хуросон дастгир карданд. Нисбати ин воқеа парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тафтишот идома дорад. 

Сентябрь 10, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд