ҶАСАДИ РОНАНДАИ ТАКСӢ ДАРЁФТ ШУД
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҷасади шаҳрванди 22 солаи шаҳри Душанбе, ронандаи таксӣ А. Муродов бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, хизматчиёни шартномавии қисми ҳарбии 28804 Федератсияи Россия сержанти хурд Дмитрий Кучман, соли таваллудаш 1989 сокини шаҳри Калинингради ФР ва сержанти хурд Вячислав Чернов, соли таваллудаш 1987, сокини вилояти Кирови ФР дастгир карда шуданд. Тибқи маълумот ҷинояткорон А. Муродовро ба қатл расонда мошини ӯро дуздида бурданд. Кормандони милитсия ҷинояткоронро дар ноҳияи Хуросон дастгир карданд. Нисбати ин воқеа парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тафтишот идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






