ҶАШНВОРАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ

Сентябрь 29, 2009 11:09

                  Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, Агентии Федералии маорифи Русия, Маркази маърифати байналмилалии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишкадаи сертификатсияи сифати маориф ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 5 то 8 октябри соли равон ҷашнвораи омӯзиши забони русӣ гузаронида мешавад. Тибқи нақша, дар он бештар аз 350 нафар иштирок хоҳад кард.                   Дар доираи ҷашнвора гузаронидани семинари илмию амалӣ пешбинӣ карда мешавад. Дар машварати махсус проблемаҳои таълими забону адабиёти рус дар Тоҷикистон муҳокима карда хоҳанд шуд. Дар озмуни забону адабиёти рус теъдоди зиёди талабагон ва донишҷӯён иштирок хоҳанд кард.                 Ҳадафи ҳамаи ин тадбирҳо нигоҳ доштани нуфузи забони русӣ дар қаламрави ИДМ ва вусъат додани фазои иттилоотӣ ба забони русӣ дар мамлакатҳои собиқи шӯравӣ мебошад.

Сентябрь 29, 2009 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд