2 500 БАСТАИ КОҲ СӮХТА НОБУД ШУД

Сентябрь 23, 2009 15:32

                 Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ба шӯъбаи дохилӣ аризаи раиси хоҷагии деҳқонии ҷамоати Калинини ноҳияи Ҳамадонӣ Б. Муродов, соли таваллудаш 1956 шаби 20 сентябр дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷа 2 500 бастаи коҳи хушконида сӯхта нобуд шуд. Зарари аз сўхтор ба амал омада ба маблағи 2 500 сомониро дарбар мегирад.                  Инчунин дар ноҳияи Бохтар ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Рӯзи 22 сентябр, дар мағозаи хусусӣ воқеъ дар кӯчаи Школная, ки ба шаҳрванд Дӯстмурод Тағоеви 27 сола тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷа дар масоҳати 120 метри мураббаъ болопӯши мағоза ва хӯрокворӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ сӯхта нобуд шуданд. Ташхис нишон дод, ки сабаби сўхтор расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. 

Сентябрь 23, 2009 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд