2010 – СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади такони тоза бахшидан ба рушди маориф, тарғиби илмҳои дақиқ ва густариши донишу маърифати техникӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо донишҷӯён ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат дар Рӯзи дониш – 1 сентябр пешниҳод кард, ки соли 2010-ум соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шавад. Сарвари давлат таъқид намуд, ки дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сифати таълим ҳанӯз қонеъкунанда нест ва сатҳи дониши донишҷӯён ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ намебошад. Сатҳи донишандӯзии ҷавонон аз рӯи баъзе ихтисосҳо 50-60 фоизро ташкил медиҳад ва аз рӯи ихтисосҳои табиатшиносӣ ва техникӣ боз ҳам пасттар аст. «Агар яке аз сабабҳои паст будани сатҳи дониши донишҷӯён дар фаъолияти сусти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бе дониши мукаммал ба мактаби олӣ омадани шогирдон бошад, аз тарафи дигар дар паст будани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон. Аз ин рӯ, бо назардошти ин амр ва бо нияти ҷалби ҷавонони болаёқат ба сохторҳои ҳукуматӣ вазоратҳои маориф ва ҳифзи иҷтимоии кишварро муваззаф шуданд, ки якҷо бо донишкадаву донишгоҳҳои кишвар рӯйхати ҷавонони донишҷӯи боистеъдодро ба сифати кадрҳои ҷавон таҳия карда, ба Ҳукумат ва вазорату идораҳои давлатӣ пешниҳод кунанд. Мавриди зикр аст, ки ҳоло зиёда аз 7 ҳазор нафар ҷавонони болаёқати Тоҷикистон, аз ҷумла беш аз ду ҳазор нафар дар доираи квотаҳои муқарраршуда ва аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд. Имсол бори аввал тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ 36 ҷой ҷудо карда шуд ва довталабон аз тариқи озмун қабул карда шуданд. Инчунин, бо мақсади фароҳам овардани имконияти ҳарчи бештар барои таҳсили ҷавонони соҳибистеъдоду қобилиятноки мамлакат дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ соли ҷорӣ бо иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Москва таъсис дода шуд, ки бевосита ба рушди сатҳи саводнокии ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки новобаста ба таъсири бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ҳукумати мамлакат қабл аз ҳама ба рушди соҳаи маориф бартарӣ медиҳад. Чунончи, аз соли 1996 инҷониб Ҳукумат барои дастгирии соҳаи маориф 13 тарҳи сармоягузорӣ ба маблағи бештар за 500 миллион сомониро ба иҷро расонидааст. Гуфтанист, ки масъалаи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф низ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва бо ин мақсад имкониятҳои буҷети давлатӣ ва захираҳои дохилии соҳа самаранок истифода бурда мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз соли 2000-ум то соли 2008-ум қариб 15 маротиба баланд бардошта шуда, афзоиши солонаи он ба ҳисоби миёна 40-50 фоизро ташкил медиҳад. Илова бар ин, сохтмони бинои нави таълимӣ ва хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон, хобгоҳҳои донишҷӯён барои филиалҳои донишгоҳҳои аграрӣ ва давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ дар ноҳияҳои Данғараву Рашт, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, бинои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, толори варзишии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, бинои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ва даҳҳо иншооти дигарро метавон номбар кард, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат ба анҷом расидаанд ё вақтҳои наздик ба истифода дода мешаванд.