608 ҲАЗОР ТОННА ГАНДУМИ ВАТАНӢ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 253,8 ҳазор гектар гандум кишт карда шуда буд, ки ҳосили фаровон ба бор овард. Ҳоло дар як қисми ноҳияҳои кӯҳистони кишвар ҷамъоварии гандум давом дорад. То 31 –уми августи соли ҷорӣ 231,3 ҳазор гектар замини гандум даравида шудааст, ки 91,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. То 1-уми сентябр ҳосили майдони 221, 3 ҳазор гектари он кӯфта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008 — 47 ҳазор гектар зиёд аст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда ба 608 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 285,5 ҳазор тонна зиёд аст. Ин муваффақият натиҷаи баланд бардоштани ҳосилнокии гандум аз ҳар гектар аст, ки он аз 18,4 сентнерӣ, ки дар соли 2008 гирифта шуда буд, ба 27,5 сентнерӣ дар соли ҷорӣ расонида шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






