«АЛҚАЁДА» БА ОЛМОН ТАҲДИД МЕНАМОЯД
Берлин, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). –Кормандони политсия ва қувваҳои амниятии Олмон аз 18 сентябр сар карда, барои пешгирии амалиёти имконпазири террористӣ дар арафаи интихоботи бундестаг тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Политсия кӯчаю майдонҳои марказиро посбонӣ мекунад. Дар ин маврид рафту омади одамон дар майдонҳои ҳавоӣ ва истгоҳҳои марказии роҳи оҳан назорат карда мешавад. Мақомоти олмонӣ хабар медиҳанд, ки созмони террористии «Алқаёда» ба унвони онҳо касетаҳои видеоӣ фиристодааст. Шахсони номаълум таҳдид кардаанд, ки агар ҳизби дар интихоботи парлумон ғалабакарда қувваҳои низомии Олмонро аз Афғонистон набарорад, дар ҳудуди мамлакат силсилаи амалиёти террористӣ анҷом дода хоҳад шуд. Интихоботи парлумони Олмон 27 сентябр баргузор мегардад. Созмонҳои террористӣ қабл аз ин ҳам огоҳ карда буданд, ки интихоботи бундестагро барои амалӣ гардонидани ҳадафҳояшон дар Олмон истифода хоҳанд кард. Кормандони политсияи Олмон аъзоёни тахминии гурӯҳҳои ифротиро дар қаламрави мамлакат таҳти назорат гирифтанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






