«АЛҚАЁДА» БА ОЛМОН ТАҲДИД МЕНАМОЯД

Сентябрь 19, 2009 11:14

                 Берлин, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). –Кормандони политсия ва қувваҳои амниятии Олмон аз 18 сентябр сар карда, барои пешгирии амалиёти имконпазири террористӣ дар арафаи интихоботи бундестаг тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Политсия кӯчаю майдонҳои марказиро посбонӣ мекунад. Дар ин маврид рафту омади одамон дар майдонҳои ҳавоӣ ва истгоҳҳои марказии роҳи оҳан назорат карда мешавад.                    Мақомоти олмонӣ хабар медиҳанд, ки созмони террористии «Алқаёда» ба унвони онҳо касетаҳои видеоӣ фиристодааст. Шахсони номаълум таҳдид кардаанд, ки агар ҳизби дар интихоботи парлумон ғалабакарда қувваҳои низомии Олмонро аз Афғонистон набарорад, дар ҳудуди мамлакат силсилаи амалиёти террористӣ анҷом дода хоҳад шуд. Интихоботи парлумони Олмон 27 сентябр баргузор мегардад.                    Созмонҳои террористӣ қабл аз ин ҳам огоҳ карда буданд, ки интихоботи бундестагро барои амалӣ гардонидани ҳадафҳояшон дар Олмон истифода хоҳанд кард. Кормандони политсияи Олмон аъзоёни тахминии гурӯҳҳои ифротиро дар қаламрави мамлакат таҳти назорат гирифтанд. 

Сентябрь 19, 2009 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид