АМАЛАН ҶАМЪОВАРИИ 12 МЛН. СОМОНӢ НОМУМКИН АСТ
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Идораи обу корези шаҳри Душанбе барои мавсими тирамоҳ ва зимистони соли 2009 -2010 аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Душанбе корро оғоз кард. Дар ин муддат тамоми корҳои таъмиру тармими лӯлаҳои обинтиқолдиҳӣ пурра ба анҷом расиданд. Корҳо дар ҳавзи обтақсимкунии фишорӣ давом дода шуданд. Танҳо аз ҳавзи ба истилоҳ «БСР» беш аз 11 ҳазор метрикубӣ лою қум бароварда шуд. Дар давоми 4 моҳ дар ҳавзи мазкур 4 механизм бо 8 одам дар ду баст кор кард. Ин боис шуд, ки дар баъзе қисмати шаҳр оби хираи софнашуда истифода гардад. То имрӯз баъзе идораю корхонаҳо ва аҳолӣ аз идораи обу корез 12 млн. сомонӣ қарздоранд. Ҷамъоварии ин маблағ амалан номумкин аст. Таъмир ва назорати доимиии иншоотҳои обрасон маблағро талаб мекунад. Механизми ҷамъоварии маблағ низ ёфт шуд, аммо барои шинондани ҳисобкунакҳои обӣ маблағ зарур аст. Дар идораи обу корез 130 ҳазор муштарӣ ба қайд гирифта шудааст. Соли ҷорӣ танҳо ба 7 ҳазор оила ҳисобкунакҳои обӣ шинонда шуд. Дар сурати аз ҷониби донорҳо ва сарпарастон дастгирӣ намудани идораи обу корез мушкилоти ҷамъоварии саривқтии маблағи обистифодабарандагон роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






